Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро

Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!

Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Аё савсанбуногӯше, ки дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!

Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?

Бибахшо, ай писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!

Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар бе ҷон равон хоҳӣ танеро.