Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.

Қасам бар он дили оҳан хурам, ки аз сахтӣ
Ҳазор тарҳ ниҳода-ст санги хороро,

Ки аз ту ҳеч мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мудороро.

Ҳазор бор Худоро шафеъ меорам,
Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ «худоро»-ро?!

Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро!