Чу чанги ишқи ӯ бархост созе

800

Чу чанги ишқи ӯ бархост созе,
Ба гӯши ҷони ошиқ гуфт розе!

Бизад дар бешаи ҷон ишқаш оташ,
Бисӯзонид ҳар ҷо бадмиҷозе!

Намозе гардад он ҷоне, ки дорад,
Ба пеши қиблаи ҳуснаш намозе!

Зи фарри ҷони ишқангези шоҳе
Ниҳад бар атласи бахташ тарозе!

Ҳар он зоғе, ки чид аз хирмани ӯ
Яке дона, даме вогашт бозе!

Заройирҳои рӯҳӣ месароянд,
Зи ишқи рӯйи ӯ пардай «Ҳиҷоз»-е!

Чӣ метарсӣ зи мурдан?! Рав ту, бистон
Зи ишқаш умри бемарге, дарозе!

Чи умре, умри ширине, латифе,
Латифе, масти ишқе, покбозе!

Валекин ноз ӯро зебад, ай ҷон,
Макун, зинҳор, бо нозаш ту нозе!