Аз ҳама бошад ба ҳақиқат гузир

305

Аз ҳама бошад ба ҳақиқат гузир,
В-аз ту набошад, ки надорӣ назир.

Машраби ширин набувад бе зиҳом1,
Даъвати мунъим набувад бе фақир.

Он арақ аст аз баданат ё гулоб?
Он нафас аст аз даҳанат ё абир?

Базли ту кардам тану ҳушу равон,
Вақфи ту кардам дилу чашму замир.

Дил чӣ бувад? Ҷон, ки бад-ӯ зиндаам,
Гӯ, бидеҳ, эй дӯст, ки гӯям бигир.

Роҳати ҷон бошад аз он қабза теғ,
Марҳами дил бошад аз он ҷаъба тир.

Дарди ниҳонӣ ба кӣ гӯям, ки нест
Бохабар аз дарди ман, илло хабир2?

Айб кунандам, ки чӣ дидӣ дар ӯ?
Кӯр надонад, ки чӣ бинад басир.

Чун наравад дар паи соҳибкаманд
Оҳуи бечора ба гардан асир?

Ҳар кӣ дили шефта дорад чу ман,
Баски бигӯяд сухани дилпазир.

Нолаи Саъдӣ ба чӣ, донӣ, хуш аст?
Бӯи хуш ояд, чу бисӯзад абир.


1 Заҳмат.
2 Доно, огоҳ.


?>