Он кист, ки меравад ба нахҷир

304

Он кист, ки меравад ба нахҷир,
Пои дили дӯстон ба занҷир.

Ҳамшираи ҷодувони Бобил,
Ҳамсояи луъбатони Кашмир.

Ин аст биҳишт, агар шунидӣ,
К-аз дидани он ҷавон шавад пир.

Аз ишқи камони дасту бозуш
Афтода хабар надорад аз тир.

Наққош, ки сураташ бибинад,
Аз даст бияфканад тасовир.

Эй сахтҷафои сустпайванд,
Рафтию чунин бирафт тақдир.

Кӯтаҳназарон маломат аз ишқ
Бефоида мекунанду таҳзир2.

Бо ҷони ман аз ҷасад барояд,
Хуне ки фурӯ шудаст бо шир.

Гар ҷон талабад ҳабиби ушшоқ,
На манъ раво бувад, на таъхир.

Онро, ки муроди дӯст бояд,
Гӯ, тарки муроди хештан гир!

Саъдӣ, чу асири ишқ мондӣ,
Тадбири ту чист? Тарки тадбир.


1 Дур кардан, барҳазар доштан.