Айбе набошад аз ту, ки бар мо ҷафо равад

262

Айбе набошад аз ту, ки бар мо ҷафо равад,
Маҷнун аз остонаи Лайлӣ куҷо равад?

Гар ман фидои ҷони ту гардам, дареғ нест,
Бисёр сар, ки дар сари меҳру вафо равад.

В-ар ман гадои кӯи ту бошам, ғариб нест,
Қорун агар ба хайли ту ояд, гадо равад.

Маҷрӯҳи тири ишқ, агараш теғ бар қафост,
Чун меравад зи пеши ту, чашм аз қафо равад.

Ҳайф оядам, ки пой ҳаме бар замин ниҳӣ,
К-ин пой лоиқ аст, ки бар чашми мо равад.

Дар ҳеч мавқифам1 сари гуфтушунид нест,
Илло дар он мақом, ки зикри шумо равад.

Эй ҳушёр, агар ба сари маст бигзарӣ,
Айбаш макун, ки бар сари мардум қазо2 равад.

Мо чун нишона, пой ба гил дар бимондаем,
Хасм он ҳариф нест, ки тираш хато равад.

Эй ошнои кӯи муҳаббат, сабур бош,
Бедоди некувон ҳама бар ошно равад.

Саъдӣ, бадар намекунӣ аз сар ҳавои дӯст,
Дар пот лозим аст, ки хори ҷафо равад.


1 Маҳалли истодан.
2 Ҳукми аз пеш таъйиншудаи осмонӣ.