Айбҷӯёнам ҳикоят пеши ҷонон гуфтаанд

223

Айбҷӯёнам ҳикоят пеши ҷонон гуфтаанд,
Ман худ ин пайдо ҳамегӯям, ки пинҳон гуфтаанд.

Пеш аз ин гӯянд, к-аз ишқат парешон аст ҳол,
Гар бигуфтандӣ, ки маҷмӯъам, парешон гуфтаанд.

Парда бар айбам напӯшиданду доман бар гуноҳ,
Ҷурми дарвеше чӣ бошад, то ба султон гуфтаанд?

То чӣ мурғам, к-им ҳикоят пеши анқо кардаанд,
Ё чӣ мӯрам, к-им сухан назди Сулаймон гуфтаанд?

Душманӣ кардаанд бо ман, лекин аз рӯи қиёс
Дӯстӣ бошад, ки дардам пеши дармон гуфтаанд.

Зикри савдои Зулайхо пеши Юсуф кардаанд,
Ҳоли саргардонии Одам ба ризвон гуфтаанд.

Доғи пинҳонам намебинанду меҳри сарбамуҳр,
Он чи бар аҷзои зоҳир дидаанд, он гуфтаанд.

В-ар нагуфтандӣ чӣ ҳоҷат, к-оби чашму ранги рӯй
Моҷарои ишқ аз аввал то ба поён гуфтаанд?

Беш аз ин гӯянд, Саъдӣ дӯст медорад туро,
Беш аз онат дӯст медорам, ки эшон гуфтаанд.

Ошиқон доранд кору орифон доранд ҳол,
Ин сухан дар дил фуруд ояд, ки аз ҷон гуфтаанд.


?>