Ҳусни ту доим бад-ин қарор намонад

222

Ҳусни ту доим бад-ин қарор намонад,
Масти ту ҷовид дар хумор намонад.

Эй гули хандони навшукуфта, нигаҳ дор
Хотири булбул, ки навбаҳор намонад.

Ҳусни диловез панҷаест нигорин,
То ба қиёмат бар ӯ нигор намонад.

Оқибат аз мо ғубор монад, зинҳор,
То зи ту бар хотире ғубор намонад.

Пор гузашт, он чи дидӣ аз ғаму шодӣ,
Бигзарад имсолу ҳамчу пор намонад.

Ҳам бидиҳад даври рӯзгор муродат,
В-ар надиҳад, даври рӯзгор намонад.

Саъдии шӯрида, беқарор чароӣ
Дар паи чизе, ки барқарор намонад?

Шеваи ишқ ихтиёри аҳли адаб нест,
Бал, чу қазо ояд, ихтиёр намонад.