Ай бар ҳама мирони ҷаҳон ёфта шоҳӣ

Ай бар ҳама мирони ҷаҳон ёфта шоҳӣ,
Май хур, ки бадандеш чунон шуд, ки ту хоҳӣ.

Май хоҳ, ки бадхоҳ ба коми дили ту гашт
В-аз бахт бадандеши ту овард табоҳӣ!

Шуд рӯзаву тасбеҳу таровеҳ ба як ҷой,
Ид омаду омад маю маъшуқу малоҳӣ.

Чун моҳ ҳамеҷуст шаби ид ҳама халқ,
Ман рӯйи ту ҷустам, ки маро шоҳию моҳӣ!

Маҳ гоҳ бар афзун буваду гоҳ ба коҳиш,
Доим ту бар афзун бувию ҳеч накоҳӣ!

Мирӣ ба ту муҳкам шуду шоҳӣ ба ту хуррам,
Бар хира надоданд туро мирию шоҳӣ!

Хуршеди равон бошӣ, чун аз бари рахшӣ,
Дарёи равон бошӣ, чун аз бари гоҳӣ.

Онҳо ки ҳама майл суйи мулки ту карданд,
Инак биниҳоданд сар аз тофтароҳӣ.

Доми тамаъ аз моҳӣ дар об фиканданд,
На мард ба ҷой омаду на дому на моҳӣ!

Меҳтар нашавад, гарчи қавӣ гардад кеҳтар,
Гоҳӣ нашавад, гарчи ҳунар дорад чоҳӣ!