Ай он ки ғаминию сазоворӣ

Ай он ки ғаминию сазоворӣ
В-андар миён сиришк ҳамеборӣ,

Аз баҳри он куҷо набарам номаш,
Тарсам зи сахт андуҳу душворӣ!

Рафт он-к рафту омад, он-к омад
Буд, он ки буд, хира чӣ ғам дорӣ?!

Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро?
Гетист, кай пазирад ҳамворӣ?!

Мустӣ макун, ки нашнавад ӯ мустӣ,
Зорӣ макун, ки нашнавад ӯ зорӣ!

Шав, то қиёмат ояд, зорӣ кун,
Кай рафтаро ба зорӣ боз орӣ?

Озори хеш бинӣ з-ин гардун
Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ.

Гӯйӣ, гумошта-ст балое ӯ,
Бар ҳар кӣ ту дил бар ӯ бигморӣ.

Абре падид нею кусуфе не,
Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон торӣ.

Фармон кунӣ ва ё накунӣ, тарсам,
Бар хештан зафар накунӣ боре.

То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил,
Он беҳ, ки май биёрию бигсорӣ.

Андар балои сахт падид оранд
Фазлу бузургворию солорӣ.