Аллаҳ-Аллаҳ, кист масти бодаи ноз инчунин?

Аллаҳ-Аллаҳ, кист масти бодаи ноз инчунин?
Карда бо хуниндилон бадмастӣ оғоз инчунин?

Чанд бори сар кашам, хоҳам фигандан дар раҳаш,
Гар расад бори дигар масти сарандоз инчунин.

Қолаби фарсударо хоҳам шикастан чун қафас,
Мурғи ҷонро гар бувад сӯйи ту парвоз инчунин.

Рози ишқатро чу ҷон мехостам дорам ниҳон,
Ваҳ, чӣ будӣ, гар набудӣ гиря ғаммоз инчунин!

Зор мебинад маро в-он гаҳ тағофул мекунад,
Аз чӣ шуд номеҳрбон он нозанин боз инчунин?

Менадонам, чашми беҳбуд аз куҷо дорам, ки ҳаст
Ишқ бадхӯ, ёр золим, чарх носоз инчунин?!

Гар сари Ҷомӣ нагаштӣ паст зери пойи дӯст,
Кай миёни ошиқон будӣ сарафроз инчунин?!