Қабои ноз дарпӯшу ниёзи подшоҳон бин

Қабои ноз дарпӯшу ниёзи подшоҳон бин,
Кулоҳи дилбарӣ каҷ неҳ, шикасти каҷкулоҳон бин.

Ғами шабҳои мо хоҳӣ, ки чун рӯзат шавад равшан,
Биёву нолаи шабгиру оҳи субҳгоҳон бин.

Чу касро боз набвад дар ҳарими ҳурматат боре,1
Саманди ноз берун ору ҳоли додхоҳон бин.

Зи дуди дил сияҳ шуд рӯйи мо шабҳои ҳаҷр, ай маҳ,
Закоти ҳуснро рӯзе суйи ин рӯсиёҳон бин.

Шаб асту бодия, ҳам роҳ нопайдову ҳам раҳбар,
Биё, ай Каъбаи ҷон, меҳнати гумкардароҳон бин.

Паноҳ оранд чун дар сояи девори ту, боре
Ба чашми марҳамат як бор сӯйи бепаноҳон бин.

Қадам дар кӯйи ишқаш мениҳӣ, аввал биё, Ҷомӣ,
Ба теғи бениёзӣ кушта ҳар сӯ бегуноҳон бин.


1 Бор – дар ин ҷо ба маънои иҷозат.