Бандавор омадам ба зинҳорат

36

Бандавор омадам ба зинҳорат,
Ки надорам силоҳи пайкорат.

Муттафиқ мешавам, ки дил надиҳам,
Муътақид мешавам дигар борат.

Муштариро баҳои рӯи ту нест,
Ман бад-ин муфлисӣ харидорат.

Ғайратам ҳасту иқтидорам нест,
Ки бипӯшам зи чашми ағёрат.

Гарчи бетоқатам чу мӯри заъиф,
Мекушам нафсу мекашам борат.

На чунон дар каманд печидӣ,
Ки мухаллас1 шавад гирифторат.

Ман ҳам аввал, ки дидамат, гуфтам
Ҳазар аз чашми масти хунхорат.

Дида шояд2 ки бе ту бар накунад,
То набинад фироқи дидорат.

Ту малулию дӯстон муштоқ,
Ту гурезону мо талабгорат.

Чашми Саъдӣ ба хоб бинад хоб,
Ки бибастӣ ба чашми саҳҳорат3.

Ту бад-ин ҳар ду чашми хоболуд,
Чӣ ғам аз чашмҳои бедорат?!

1 Халосшуда, раҳоёфта.
2 Шоиста аст.
3 Ҷодугар, афсунгар.


?>