Ба Худо, агар бимирам, ки дил аз ту барнагирам

394

Ба Худо, агар бимирам, ки дил аз ту барнагирам,
Бирав, эй табиб, аз сар, ки даво намепазирам.

Ҳама умр бо ҳарифон бинишастамею хубон,
Ту бихостию нақшат бинишаст дар замирам.

Мадиҳ, эй ҳаким, пандам, ки ба кор дарнабандам,
Ки зи хештан гузир асту зи дӯст ногузирам.

Бирав, эй сипар, зи пешам, ки ба ҷон расид пайкон,
Бигузор, то бибинам, ки кӣ мезанад ба тирам.

На нишоти дӯстонам, на фароғи бӯстонам,
Биравед, эй рафиқон, ба сафар, ки ман асирам.

Ту дар об агар бибинӣ ҳаракоти хештанро,
Ба забони худ бигӯӣ, ки ба ҳусн беназирам.

Ту ба хоби хуш биёсою ба айшу комронӣ,
Ки на ман ғунудаам дӯшу на мардум аз нафирам.

На1 тавонгарон бибахшанд фақири нотавонро?
Назаре кун, эй тавонгар, ки ба диданат фақирам.

Агарам чу уд созӣ, тани ман фидои ҷонат,
Ки хуш аст айши мардум ба равойиҳи абирам.

На ту гуфтаӣ, ки Саъдӣ набарад зи дасти ман ҷон,
На ба хоки пои мардон чу ту мекушӣ, намирам.


1 Магар на ин ки.