Гар ба рухсори чу моҳат, санамо, менигарам

393

Гар ба рухсори чу моҳат, санамо, менигарам,
Ба ҳақиқат асари лутфи Худо менигарам.

То магар дида зи рӯи ту биёбад асаре,
Ҳар замон сад раҳат андар сару по менигарам.

Ту ба ҳоли мани мискин ба ҷафо менигарӣ,
Ман ба хоки кафи поят ба вафо менигарам.

Офтобӣ туву ман зарраи мискини заъиф,
Ту куҷову мани саргашта куҷо менигарам?

Сари зулфат зулумот асту лабат оби ҳаёт,
Дар саводи сари зулфат ба хато менигарам.

Ҳиндуи чашм мабинод рухи турки ту боз,
Гар ба чини сари зулфат ба хато менигарам.

Роҳи ишқи ту дароз аст, вале Саъдивор
Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам.