Ман дӯст медорам ҷафо, к-аз дасти ҷонон мебарам

392

Ман дӯст медорам ҷафо, к-аз дасти ҷонон мебарам,
Тоқат намедорам, вале афтону хезон мебарам.

Аз дасти ӯ ҷон мебарам, то афканам дар пои ӯ,
То ту напиндорӣ, ки ман аз дасти ӯ ҷон мебарам.

То сар баровард аз гиребон он нигори сангдил,
Ҳар лаҳза аз бедоди ӯ сар дар гиребон мебарам.

Хоҳӣ ба лутфам, гӯ, бихон, хоҳӣ ба қаҳрам, гӯ, бирон,
Тавъан ва карҳан бандаам, ночор фармон мебарам.

Дармони дарди ошиқон сабр асту ман девонаам,
На дард сокин мешавад, на раҳ ба дармон мебарам.

Эй сорбон, оҳиста рав, бо нотавонон сабр кун,
Ту бори ҷонон мебарӣ, ман бори ҳиҷрон мебарам.

Эй рӯзгори офият, шукрат накардам, лоҷарам,
Дасте, ки дар оғӯш буд, акнун ба дандон мебарам.

Гуфтам, ба поён оварам дар умри худ бо ӯ шабе,
Ҳоло ба ишқи рӯи ӯ рӯзе ба поён мебарам.

Саъдӣ, дигар бор аз ватан азми сафар кардӣ чаро?
Аз дасти он турки Хито ярғу ба қоон мебарам.

Ман худ надонам васфи ӯ гуфтан сазои қадри ӯ,
Гул оваранд аз бӯстон, ман гул ба бустон мебарам.