Бирафт он моҳу моро дар дил аз вай сад ҳавас монда

Бирафт он моҳу моро дар дил аз вай сад ҳавас монда,
Ғами ҳиҷрони ӯ бо ҷони ширин ҳамнафас монда.

Марон тунд, ай иморидори Лайлӣ, ҳасбатуллиллаҳ1,
Ки бо садпора дил бечора Маҷнун бозпас монда.

Ба уммеде, ки ояд он маҳи маҳмилнишин рӯзе,
Ҷаҳоне чашм бар раҳ, гӯш бар бонги ҷарас монда.

Чу зад акнун гули раъно ба ишрат хайма дар саҳро,
Чӣ ғам, гар булбули шайдо гирифтори қафас монда.

Бидеҳ, гӯ, доди ман он моҳу бингар мулки бас шоҳон,
Ки не фарёдхоҳ он ҷову не фарёдрас монда.

Ҳавас дорам, ки соям чашму рух бар остони ӯ,
Маро аз бахти бефармон ҳамин як мултамас монда.

Ба кӯяш чун нанолад ҳамчу мурғони чаман Ҷомӣ,
К-аз ин гулшан гулу шамшод рафта, хору хас монда.


1 Арабӣ: Аз барои Худо.