Кист меояд қабо пӯшида, доман барзада

Кист меояд қабо пӯшида, доман барзада,
Шакли шаҳрошӯби ӯ оташ ба олам дарзада.

Карда дар дини мусулмонон ҳазорон рахна беш,
Ҳар хаданги фитнае, к-аз ғамза он кофар зада.

Кай барояд моҳ бо хуршеди оламтоби ӯ,
Гар занад бар моҳи тобон таънае, дарх(в)ар зада.

Рӯ ба раҳ аз қомати ӯям мани бесабру дил,
Гарчи дар ҳар гом роҳи бедиле дигар зада.

Дарди сар кам деҳ, табибо, чун зи марҳам хуштар аст,
Захми он санге, ки дарбонаш маро бар сар зада.

Дам ба дам хун меравад аз чашми пурнам, то маро
Бар раги ҷон ғамзаи хунрези ӯ наштар зада.

Ҳар куҷо нӯшид Ҷомӣ бода бо ёрон, нахуст
Бӯсаҳо аз шавқи лаълаш бар лаби соғар зада.