Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ

Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши Офтоб астӣ.

Ба покӣ, гӯйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушшӣ, гӯйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ!

Саҳоб астӣ қадаҳ, гӯйию май қатрай саҳоб астӣ,
Тараб, гӯйӣ, ки андар дил дуъои мустаҷоб астӣ!

Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,
Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!

Агар ин май ба абр-андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахурдандӣ, савоб астӣ!