Биё, ки навбати сулҳ асту дӯстию иноят

152

Биё, ки навбати сулҳ асту дӯстию иноят,
Ба шарти он ки нагӯем, аз он чи рафт, ҳикоят.

Бар ин яке шуда будам, ки гирди ишқ нагардам,
Қазои ишқ даромад, бидӯхт чашми дироят1.

Маломати мани мискин касе кунад, ки надонад,
Ки ишқ то ба чӣ ҳадд асту ҳусн то ба чӣ ғоят.

Зи ҳирси ман чӣ кушояд? Ту раҳ ба хештанам деҳ,
Ки чашми саъй заъиф аст бе чароғи ҳидоят.

Маро ба дасти ту хуштар ҳалоки ҷони гиромӣ,
Ҳазорбора, ки рафтан ба дигаре ба ҳимоят.

Ҷинояте ки бикардам, агар дуруст бибошад,
Фироқи рӯи ту чандин бас аст ҳадди ҷиноят.

Ба ҳеч рӯй нашояд хилофи рои ту кардан,
Куҷо барам гила аз дасти подшоҳи вилоят?

Ба ҳеч сурате-андар набошад ин ҳама маънӣ,
Ба ҳеч сурате2-андар набошад ин ҳама оят.

Камоли ҳусни вуҷудат ба васф рост наёяд,
Магар ҳам оина гӯяд, чунон ки ҳаст, ҳикоят.

Маро сухан ба ниҳоят расиду фикр ба поён,
Ҳанӯз васфи ҷамолат намерасад ба ниҳоят.

Фироқномаи Саъдӣ ба ҳеч гӯш наёмад,
Ки дарде аз суханонаш дар ӯ накард сироят.


1 Огоҳӣ, доноӣ.
2 Сура.


?>