Бозам андешаи ёрест, ки гуфтан натавон

Бозам андешаи ёрест, ки гуфтан натавон,
Бар дил аз вай ғаму борест, ки гуфтан натавон.

Дили ваҳшӣ, ки нашуд роми касе, ваҳ, ки кунун
Сайди фитроки саворест, ки гуфтан натавон.

Гар ба хуноба бурун нақшу нигорест, чӣ бок,
Ки дарун нақшу нигорест, ки гуфтан натавон!

Сайди чашмат ба далерӣ нарамад, к-он оҳу
Ончунон шершикорест, ки гуфтан натавон!

Гар шудам масти ҷамолат, чӣ аҷаб, к-ин гули нав
Аз куҳанбоғ баҳорест, ки гуфтан натавон.

Суханат муъҷаз аз он аст, ки ин ҳарфи шигарф
Аз лаби нуктагузорест, ки гуфтан натавон.

Чанд пурсед зи Ҷомӣ, ки бигӯ: – Ёри ту кист?
Гулрухи лолаузорест, ки гуфтан натавон.