Боз дар базми ғамат наъраи нӯшонӯш аст

Боз дар базми ғамат наъраи нӯшонӯш аст,
Ақл ҳайрону хирад волаву ҷон мадҳуш аст.

Нарасад хастадилонро зи ту ҷуз неши ситам,
Гарчи ҷоми лаби лаъли ту лаболаб нӯш аст.

Ашки гармам зи тафи хуни дил ояд дар чашм,
Баски аз оташи шавқи ту дилам дар ҷӯш аст.

Кисвати хоҷагию хилъати шоҳӣ чӣ кунад,
Ҳар киро ғошияи1 бандагият дар дӯш аст?!

Ба сари бистари андӯҳ диҳам ҷон охир,
Чун маро шоҳиди мақсуд на дар оғӯш аст.

Мегузаштию ба худ замзамае мекардӣ,
Умрҳо шуд, ки маро лаззати он дар гӯш аст.

Қиссаи ишқи ту Ҷомӣ зи касон чун пӯшад,
Чеҳра гӯёст, агарчанд забон хомӯш аст.


1 Ғошия – пӯшиш.