Соқӣ, биёр бода, деҳ акнун, ки фурсат аст

Соқӣ, биёр бода, деҳ акнун, ки фурсат аст,
Мутриб бизан тарона, ки фурсат ғанимат аст.

Чашмам ба рӯйи шоҳиду гӯшам ба бонги чанг,
Ай пандгӯ, бирав, ки на ҷойи насиҳат аст.

Ҷони маро зи марҳами роҳат нишон мапурс,
К-аз ошиқӣ насибаи ӯ доғи меҳнат аст.

Пайкони обдор, ки ояд зи дасти дӯст,
Бар ошиқони сӯхта борони раҳмат аст.

З-он дам, ки сар фиганд бар он остон маро,
Бар гарданам зи теғи ту сад бори миннат аст.

Ҳар сифла пай ба кунҷи қаноат куҷо барад,
Ин нақд дар хизонаи арбоби ҳиммат аст.

З-абнои даҳр вақти касе хуш намешавад,
Хушвақт он ки муътакифи1 кунҷи узлат аст.

Ҷомӣ, ба ҷустуҷӯ натавон васли дӯст ёфт,
Мавқуфи вақт бош, ки ин кори давлат аст.


1 Муътакиф – гӯшанишин.