Бо хирадмандию хубӣ порсову некхӯст

88

Бо хирадмандию хубӣ порсову некхӯст,
Сурате ҳаргиз надидам, к-ин ҳама маънӣ дар ӯст.

Гар хаёли ёрӣ андешанд, боре1 чун ту ёр,
Ё ҳавои дӯстӣ варзанд, боре чун ту дӯст.

Хоки пояш бӯса хоҳам дод, обам2, гӯ, бибар,
Обрӯи меҳрбонон пеши маъшуқ оби ҷӯст,

Шоҳидаш3 дидору гуфтан, фитнааш абрӯву чашм,
Нодираш болову рафтан, дилпазираш табъу хӯст.

То ба худ боз оям, он гаҳ васфи дидораш кунам,
Аз кӣ мепурсӣ дар ин майдон, ки саргардон чу гӯст?

Айби пироҳан даридан мекунандам дӯстон,
Бевафо ёрам, ки пироҳан ҳамедаррам, на пӯст.

Хоки сабзорангу4 боди гулфишону оби хуш,
Абри марворидборону ҳавои мушкбӯст.

Тирборон бар сару сӯфӣ гирифтори назар,
Муддаъӣ дар гуфтугӯю ошиқ андар ҷустуҷӯст.

Ҳар киро кунҷ ихтиёр омад, ту даст аз вай бидор,
К-ончунон шӯридасар пояш ба ганҷе-дар фурӯст.

Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бо душман макун,
Ошиқию некномӣ, Саъдиё, сангу сабӯст.


1 Ба ҳар ҳол.
2 Обрӯям.
3 Зебо, хубрӯй.
4 Сабзранг.


?>