Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо

24

Вақте дили савдоӣ мерафт ба бустонҳо,
Бехештанам кардӣ бӯи гулу райҳонҳо.

Гаҳ наъра задӣ булбул, гаҳ ҷома даридӣ гул,
Бо ёди ту афтодам, аз ёд бирафт онҳо.

Эй меҳри ту дар дилҳо, в-эй муҳри ту бар лабҳо,
В-эй шӯри ту дар сарҳо, в-эй сирри ту дар ҷонҳо.

То аҳди ту дарбастам, аҳди ҳама бишкастам,
Баъд аз ту раво бошад нақзи ҳама паймонҳо.

То хори ғами ишқат овехта дар доман,
Кӯтаҳназарӣ бошад рафтан ба гулистонҳо.

Онро, ки чунин дарде аз пой дарандозад,
Бояд ки фурӯ шӯяд даст аз ҳама дармонҳо.

Гар дар талабат ранҷе моро бирасад, шояд,
Чун ишқи Ҳарам1 бошад, саҳл аст биёбонҳо.

Ҳар тир, ки дар кеш2 аст, гар бар дили реш ояд,
Мо низ яке бошем аз ҷумлаи қурбонҳо.

Ҳар к-ӯ назаре дорад бо ёри камонабрӯ,
Бояд, ки сипар бошад пеши ҳама пайконҳо.

Гӯянд, магӯ, Саъдӣ, чандин сухан аз ишқаш,
Мегӯяму баъд аз ман гӯянд ба давронҳо.


1 Каъба.
1 Тирдон.


?>