… Вақти шабгир бонги нолаи зер

…………………………………………….
Вақти шабгир бонги нолаи зер.

Дӯсто, он хурӯши барбат бу
Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!

Зории зеру ин мадор шигифт,
Гар зи дашт-андар оварад нахчир.

Тани ӯ тир на, замон ба замон
Ба дил-андар ҳамегузорад тир.

Гоҳ гирёну гаҳ бинолад зор
Бомдодону рӯз то шабгир.

Он забоновару забонаш на,
Хабари ошиқон кунад тафсир.

Гоҳ девонаро кунад ҳушёр,
Гаҳ ба ҳушёр-бар ниҳад занҷир.