Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро

9

Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро,
Бурқаъ фурӯ ҳилад ба ҷамол офтобро.

Гӯӣ ду чашми ҷодуи обидфиреби ӯ
Бар чашми ман ба сеҳр бибастанд хобро.

Аввалназар зи даст бирафтам инони ақл,
В-онро ки ақл рафт, чӣ донад савобро?

Гуфтам, магар ба васл раҳоӣ бувад зи ишқ,
Беҳосил аст хурдани мустасқӣ1 обро.

Даъво дуруст нест, гар аз дасти нозанин
Чун шарбати шакар нахурӣ заҳри нобро.

Ишқ одамийят аст, гар ин завқ дар ту нест,
Ҳамширкатӣ ба хурдану хуфтан давобро2.

Оташ биёру хирмани озодагон бисӯз,
То подшаҳ хироҷ нахоҳад харобро.

Қавм аз шароб масту зи манзур бенасиб,
Ман маст аз ӯ чунон, ки нахоҳам шаробро.

Саъдӣ, нагуфтамат, ки марав дар каманди ишқ?
Тири назар бияфканад Афросиёбро.


1 Беморе, ки ҳар чӣ об бинӯшад, ташнагияш рафъ нашавад.
2 Чорпоён.


?>