Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.

Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.

Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту,
Агар бибинам бар муҳри ӯ нигини туро.

Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нигарам рӯзе ман остини туро.

Агарчи хомуш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман ба равӣ гардад офарини туро!