Гуфтам, оҳандилӣ кунам чанде

538

Гуфтам, оҳандилӣ кунам чанде,
Надиҳам дил ба ҳеч дилбанде.

В-онкиро дида дар даҳони ту рафт,
Ҳаргизаш гӯш нашнавад панде.

Хоса моро, ки дар азал будаст
Бо ту омезишею пайванде.

Ба дилат, к-аз дилат бадар накунам,
Сахттар з-ин махоҳ савганде.

Ин дам, охир, ҳиҷоб яксӯ неҳ,
То баросояд орзуманде.

Ҳамчунон пир нест модари даҳр,
Ки биёвард чун ту фарзанде.

Реши Фарҳод беҳтарак мебуд,
Гар на Ширин намак пароканде.

Кошкӣ хок будаме дар роҳ,
То магар соя бар ман афканде.

Чӣ кунад бандае, ки аз дилу ҷон
Накунад хидмати худованде?

Саъдиё, даври некномӣ рафт,
Навбати ошиқист якчанде.