Давлатам нест, ки бошам ба сухан дамсозат

Давлатам нест, ки бошам ба сухан дамсозат,
Гӯ сухан бо дигарон, то шунавам овозат.

Шоҳбози ҳарами қудсию дар мулки вуҷуд
Нест ҷуз баҳри шикори дилу ҷон парвозат!

Рафтию риштаи пайванд маро бо ту қавӣ,
Рӯзе орам ба ҳамин ришта суйи худ бозат.

Ҳамчу гул гарчи ба сад пора шавад пардаи дил,
Ҳошалиллаҳ, ки шавам пардакушой аз розат.

То шудӣ нозкунон соқии хунинҷигарон,
Ҳама мастанд зи ҷоми маю ман аз нозат.

Бар сарам тоҷиву бар тоҷ гуҳар, кай бошад
Ки кунам ҷо ба сари хеш ба сад эъҷозат!

Чу занад дам зи сухан пеши ту, Ҷомӣ, з-ин сон,
Ки диҳад хомушиям лаъли суханпардозат?!