Дареғам ояд хондан газофвор ду ном

Дареғам ояд хондан газофвор ду ном,
Бузургвор ду ном аз газоф хондани ом:

Яке ки хубонро яксара накӯ хонанд,
Дигар, ки ошиқ гӯянд ошиқонро ном.

Дареғам ояд, чун мар туро накӯ хонанд,
Дареғам ояд, чун бар раҳит ошиқ ном.

Маро дилест, ки аз ғамгинӣ чу дур шавад,
Ба ғамгинон шаваду ғам фароз гирад вом.