Даст ба ҷон намерасад, то ба ту барфишонамаш

326

Даст ба ҷон намерасад, то ба ту барфишонамаш,
Бар кӣ тавон ниҳод дил, то зи ту воситонамаш?

Қуввати шарҳи ишқи ту нест забони хомаро,
Гирди дари умеди ту чанд ба сар давонамаш?

Эминӣ аз хурӯши ман, гар ба ҷаҳон даруфтад,
Фориғӣ аз фиғони ман, гар ба фалак расонамаш.

Оҳи дареғу оби чашм арчи мувофиқи мананд,
Оташи ишқ ончунон нест, ки вонишонамаш.

Ҳар кӣ бипурсад: Эй фалон, ҳоли дилат чӣ гуна шуд?
Хун шуду дам ба дам ҳаме аз мижа мечаконамаш.

Умри ман аст зулфи ту, бу, ки дароз бинамаш,
Ҷони ман аст лаъли ту, бу, ки ба лаб расонамаш.

Лаззати вақтҳои хуш қадр надошт пеши ман,
Гар пас аз ин даме чунон ёбам, қадр донамаш.

Нест зимоми кори дил дар кафи ихтиёри ман,
Гар на аҷал фаро расад, з-ин ҳама вораҳонамаш.

Ишқи ту гуфта буд, ҳон, Саъдию орзуи ман,
Бас накунад зи ошиқӣ, то зи ҷаҳон ҷаҳонамаш.

Панҷаи қасди душманон менарасад ба хуни ман,
В-ин ки ба лутф мекушад, манъ наметавонамаш.


?>