Дер зиёд он бузургвор худованд

Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷонаш — андар пайванд.

Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.

Аз маликон кас чу ӯ набуд ҷавоне
Роду сухандону шермарду хирадманд.

Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,
Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд.

Дасту забон зарру дур пароканад ӯро,
Ном ба гетӣ на аз газоф пароканд.

Дар дили мо шохи меҳрбонӣ биншост,
Дил на ба бозӣ зи меҳри хоста барканд.

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд.

Гарчи бикӯшанд шоирони замона,
Мадҳ касеро касе нагӯяд монанд.

Сирати ӯ тухми кишту неъмати ӯ об,
Хотири маддоҳи ӯ замини барӯманд.

Сирати ӯ буд ваҳйнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш «Панднома» биёканд.

Сирати он шоҳ «Панднома»-и аслист,
З-он ки ҳаме рӯзгор гирад аз ӯ панд.

Ҳар кӣ сар аз панди шаҳрёр бипечид,
Пойи тарабро ба доми гурм дарафканд.

Кист ба гетӣ хамирмояи идбор,
Он ки ба иқболи ӯ набошад хурсанд?

Ҳар кӣ нахоҳад ҳаме кушоиши кораш,
Гӯ: — Бишаву дасти рӯзгор фурӯ банд.

Ай малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаменоз,
Ай фалак, аз ҳоли душманон-ш ҳамеханд!

Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам;
Дер зиёд он бузургвор худованд!