Золимеро хуфта дидам ними рӯз

Золимеро хуфта дидам ними рӯз,
Гуфтам, ин фитна-ст хобаш бурда беҳ.
В-он ки хобаш беҳтар аз бедорияст,
Ончунон аз бадзиндагонӣ мурда беҳ.