Имрӯз муборак аст фолам

408

Имрӯз муборак аст фолам,
К-афтод назар бар он ҷамолам.

Алҳамд Худои осмонро,
К-ахтар бадар омад аз ваболам.

Хоб аст магар, ки менамояд,
Ё ишва ҳамедиҳад хаёлам?

К-ин бахт набуд ҳеч рӯзам,
В-ин гул нашукуфт ҳеч солам.

Имрӯз бидидам, он чи дил хост,
Дид, он чи нахост бадсиголам.

Акнун ки ту рӯй боз кардӣ,
Рӯ боз ба хайр кард ҳолам.

Дигар чӣ таваққуъ аст аз айём.
Чун бадри тамом шуд ҳилолам?

Боз ой, к-аз иштиёқи рӯят
Бигрифт зи хештан малолам.

Озурдаам аз фироқ чунон-к
Дил боз намедиҳад висолам.

В-аз ғояти ташнагӣ ки бурдам,
Дар ҳалқ намеравад зулолам.

Бечора ба рӯят омадам боз,
Чун чора намонду эҳтиёлам1.

Аз ҷаври ту ҳам дари ту гирам,
В-аз дасти ту ҳам бари ту нолам.

Чун дӯст мувофиқ аст, Саъдӣ,
Саҳл аст ҷафои халқи олам.


1 Ҳила сохтан, чорагарӣ.