Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст

78

Имшаб, ба ростӣ, шаби мо рӯзи равшан аст,
Иди висоли дӯст алорағми душман аст.

Боди биҳишт мегузарад ё насими боғ,
Ё накҳати даҳони ту, ё бӯи лодан аст?

Ҳаргиз набошад аз тану ҷонат азизтар,
Чашмам, ки дар сар асту равонам, ки дар тан аст.

Гардан ниҳам ба хидмату гӯшат кунам ба қавл,
То хотирам муаллақи он гӯшу гардан аст.

Эй подшоҳ, соя зи дарвеш вомагир,
Ночор, хӯшачин бувад, он ҷо ки хирман аст.

Дур аз ту дар ҷаҳони фарохам маҷол нест,
Олам ба чашми тангдилон чашми сӯзан аст.

Ошиқ гурехтан натавонад, ки дасти шавқ
Ҳар ҷо ки меравад, мутааллиқ ба доман аст.

Ширин бадар намеравад аз хона бе рақиб,
Донад шакар, ки дафъи магас бодбезан аст.

Ҷаври рақибу сарзаниши аҳли рӯзгор
Бо ман ҳамон ҳикояти гови дуҳулзан1 аст.

Бозони шоҳро ҳасад ояд бад-ин шикор,
К-он шоҳбозро дили Саъдӣ нишеман аст.

Қалби рафиқ чанд бипӯшад ҳадиси ишқ?
Ҳарч он ба обгина бипӯшӣ, мубайян аст.


1 Монанди гове, ки таблзан бар пушти ӯ табл мекӯбад ва говро аз он садо тарсе набошад.