Бар ман, ки сабӯҳизадаам, хирқа ҳаром аст

77

Бар ман, ки сабӯҳизадаам1, хирқа ҳаром аст,
Эй маҷлисиён, роҳи харобот2 кадом аст?

Ҳар кас ба ҷаҳон ҳуррамие пеш гирифтанд,
Моро ғамат, эй моҳи паричеҳра, тамом аст.

Бархез, ки дар сояи сарве бинишинем,
К-он ҷо ки ту биншинӣ, бар сарв қиём аст.

Доми дили соҳибназаронат хами гесуст,
В-он холи буногӯш магар донаи дом аст?

Бо чун ту ҳарифе ба чунин ҷой дар ин вақт
Гар бода хурам, хамри биҳиштӣ, на ҳаром аст.

Бо муҳтасиби3 шаҳр бигӯед, ки зинҳор
Дар маҷлиси мо санг маяндоз, ки ҷом аст.

Ғайрат нагузорад, ки бигӯям, ки маро кушт,
То халқ надонанд, ки маъшуқа чӣ ном аст.

Дардо, ки бипухтем дар ин сӯзи ниҳонӣ,
В-онро хабар аз оташи мо нест, ки хом аст.

Саъдӣ, мабар андеша, ки дар коми наҳангон
Чун дар назари дӯст нишинӣ, ҳама ком аст.


1 Касе, ки бомдодон бода нӯшида бошад.
2 Майкада, майхона.
3 Маъмури иҷрои наҳй аз мункар.