Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?!

318

Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?!
Ушшоқ бас накарда ҳанӯз аз канору бӯс.

Пистони ёр дар хами гесӯи тобдор
Чун гӯи оҷ дар хами чавгони обнӯс.

Як шаб, ки дӯст фитнаи хуфта-ст, зинҳор,
Бедор бош, то наравад умр бар фусӯс.

То нашнавӣ зи масҷиди одина бонги субҳ,
Ё аз дари сарои Атобак ғиреви кӯс1,

Лаб бар лабе чу чашми хурӯс аблаҳӣ бувад
Бардоштан ба гуфтаи беҳудаи хурӯс.


1 Бонги нақораи бузург.


?>