Ҳар кӣ бе дӯст мебарад хобаш

319

Ҳар кӣ бе дӯст мебарад хобаш,
Ҳамчунон сабр ҳасту поёбаш.

Хоб аз он чашм чашм натвон дошт,
Ки зи сар баргузашт селобаш.

На ба худ меравад гирифтаи ишқ,
Дигаре мебарад ба қуллобаш.

Чӣ кунад пойбанди меҳри касе,
Ки набинад ҷафои асҳобаш?

Ҳар кӣ ҳоҷат ба даргаҳе дорад,
Лозим аст эҳтимоли баввобаш.

Ногузир аст талху ширинаш,
Хору хурмову заҳру ҷуллобаш.

Соир аст ин масал, ки мустасқӣ
Накунад рӯди Даҷла серобаш.

Шаби ҳиҷрони дӯст зулмонист,
В-ар барояд ҳазор маҳтобаш.

Биравад ҷони мустаманд аз тан,
Наравад муҳри меҳри аҳбобаш.

Саъдиё, гӯсфанди қурбонӣ
Ба кӣ нолад зи дасти қассобаш?