Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро

14

Имшаб сабуктар мезананд ин табли беҳангомро,
Ё вақти бедорӣ ғалат будаст мурғи бомро1?

Як лаҳза буд ин ё шабе, к-аз умри мо тороҷ шуд?
Мо ҳамчунон лаб бар лабе, нобаргирифта комро.

Ҳам тозарӯям, ҳам хаҷил, ҳам шодмон, ҳам тангдил,
К-аз аҳд берун омадан натвонам ин инъомро2.

Гар пой бар фарқам ниҳӣ, ташрифи3 қурбат медиҳӣ,
Ҷуз сар намедонам ниҳодан узр ин ақдомро.

Чун бахти неканҷомро бо мо ба куллӣ сулҳ шуд,
Бигзор, то ҷон медиҳад, бадгӯи бадфарҷомро.

Саъдӣ алам шуд дар ҷаҳон, сӯфию омӣ гӯ, бидон,
Мо бутпарастӣ мекунем он гаҳ чунин асномро4.


1 Хурӯси саҳархон.
2 Неъмат додан.
3 Хилъат, либосе, ки бузургон бибахшанд.
4 Ҷамъи санам: бутҳо.


?>