Иқлими Порсро ғам аз осеби даҳр нест

Иқлими Порсро ғам аз осеби даҳр нест,
То бар сараш бувад чу туе сояи Худо.

Имрӯз кас нишон надиҳад дар басити хок,
Монанди остони дарат маъмани ризо.

Бар туст поси хотири бечорагону, шукр
Бар мову бар Худои ҷаҳонофарин ҷазо.

Ё Раб, зи боди фитна нигаҳ дор хоки Порс,
Чандон, ки хокро буваду бодро бақо.

То замоне, ки мисли ту подшоҳи фозилу одиле, ки чун сояи Худованд бар замин аст, сарвару ҳокимаш бошад, сарзамини Форс аз ҳеҷ осебу ҳодисаи дунё ғаму ташвише надорад. Имрӯз дар тамоми паҳнои рӯи замин ҳеҷ кас наметавонад монанди остонаи дари боргоҳи ту ҷойгоҳи амн ва паноҳгоҳи ризоиятро пайдо намояд, зеро дар замин ба ҷуз остонаи ту чунин ҷое вуҷуд надорад.

Чун кори ту ҳамеша ҳимояту дастгирии бечорагону дармондагон аст, вазифаи мо шукргузорию қадрдонии хидматҳои ту мебошад ва (бовар дорем, ки) Худованди офаринандаи ҷаҳон низ барои ин некӯкориҳои ту савобу мукофоти сазоворе хоҳад дод. (Ва дуо мекунам, ки) Парвардигоро, то замоне, ки хоку бод боқист, яъне то охири дунё ва то рӯзи Қиёмат, сарзамини Форсро аз ошӯбу нооромиҳо нигаҳбон бош ва онро дар амну осудагӣ ҳифз бифармо.