Кас дарнаёмадаст бад-ин хубӣ аз даре

554

Кас дарнаёмадаст бад-ин хубӣ аз даре,
Дигар наёварад чу ту фарзанд модаре.

Хуршед агар ту рӯй напӯшӣ, фурӯ равад,
Гӯяд, ду офтоб набошад ба кишваре.

Аввал манам, ки дар ҳама олам наёмадаст
Зеботар аз ту дар назарам ҳеч манзаре.

Ҳаргиз набурдаам ба хароботи ишқ роҳ,
Имрӯз орзуи ту дардод соғаре.

Ё худ ба ҳусни рӯи ту кас нест дар ҷаҳон,
Ё ҳасту нестам зи ту парвои дигаре.

Бар сарви қоматат гулу бодом рӯю чашм,
Нашнидаам, ки сарв чунин оварад баре.

Рӯе, ки рӯзи равшан агар баркашад ниқоб,
Партав диҳад чунон, ки шаби тира ахтаре.

Ҳамроҳи ман мабош, ки ғайрат баранд халқ,
Дар дасти муфлисе чу бибинанд гавҳаре.

Ман кам намекунам сари мӯе зи меҳри дӯст,
В-ар мезанад ба ҳар сари мӯем ништаре.

Рӯзе магар ба дидаи Саъдӣ қадам ниҳӣ,
То дар раҳат ба ҳар қадамат мениҳад саре.