Кас ин кунад, ки дил аз ёри хеш бардорад?

168

Кас ин кунад, ки дил аз ёри хеш бардорад?
Магар касе ки дил аз санг сахттар дорад.

Кӣ гуфт, ман хабаре дорам аз ҳақиқати ишқ?
Дурӯғ гуфт, гар аз хештан хабар дорад.

Агар назар ба ду олам кунад, ҳаромаш бод,
Ки аз сафои дарун бо яке назар дорад.

Ҳалоки мо ба биёбони ишқ хоҳад бурд,
Куҷост мард, ки бо мо сари сафар дорад?

Гар аз муқобила шер ояд, аз ақиб шамшер,
На ошиқ аст, ки андеша аз хатар дорад.

В-агар биҳишт мусаввар кунанд орифро,
Ба ғайри дӯст нашояд, ки дида бардорад.

Аз он матоъ, ки дар пои дӯстон резанд,
Маро сарест, надонам, ки ӯ чӣ сар дорад.

Дареғи пой, ки бар хок мениҳад маъшуқ,
Чаро на бар сару бар чашми мо гузар дорад.

Авом айб кунандам, ки ошиқӣ ҳама умр,
Кадом айб, ки Саъдӣ худ ин ҳунар дорад.

Назар ба рӯи ту андохтан ҳаромаш бод,
Ки ҷуз ту дар ҳама олам касе дигар дорад.