Киштии умр

Он саҳни чаман, ки аз дами дай1,
Гуфтӣ, думи гург ё паланг аст.

Акнун зи баҳори монавитабъ2,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг3 аст…

Бар киштии умр4 такя кам кун,
К-ин Нил5 нишемани наҳанг6 аст.

ВАЗН: мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф (мафъӯлу мафоилун фаӯлун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: паланг, Жанг, наҳанг.

РАДИФ: аст.

Луғат:

1. Дай: зимистон, дами дай: маҷозан барфу сардии зимистон.

2. Монавӣ: монанди Монӣ. Монӣ – асосгузори дини монавӣ, дар замони Шопури Сосонӣ даъвои пайғамбарӣ кард ва китоби худ «Шопургон»-ро ба вай тақдим намуд. Монӣ динашро бо роҳи расму суратҳои зебо тарғиб мекард ва аз ин сабаб дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ намоди (символ) наққошӣ ва рангорангӣ аст.

3. Жанг: Аржанг, Артанг – номи китоби мусаввари Монӣ, ки дар ин ҷо зебоӣ ва рангорангии он дар назар аст.

4. Киштии умр: умр ба киштӣ монанд шуда, ки дар дарёи зиндагӣ шино мекунад.

5. Нил: номи дарё, рӯди машҳур, ки дар Миср аст, истиора аз дунё.

6. Наҳанг: тимсоҳ, истиора аз марг.

Маънии байтҳои 1 ва 2: Саҳну майдони чаман, ки аз сардию яхбандии зимистон чун думи гургу паланг сиёҳу сафед буд, акнун бо омадани баҳор, монанди китоби Монӣ пурнақшу нигор шудааст. Яъне, пур аз гулу сабза шудааст.

Маънии байти 3: Ба тани сиҳҳату умри дарозат умедвору хотирҷамъ мабошу ба он такя макун, зеро ин дунё монанди дарёи Нил пур аз наҳанг аст ва ҳар лаҳза мумкин аст марг ба талабат ояду ҷони худро аз даст бидиҳӣ.