Корам чу зулфи ёр парешону дарҳам аст

75

Корам чу зулфи ёр парешону дарҳам аст,
Пуштам ба сони абруи дилдор пурхам аст.

Ғам шарбате зи хуни дилам нӯш карду гуфт:
Ин шодии касе, ки дар ин давр хуррам аст.

Танҳо дили ман аст гирифтор дар ғамон,
Ё худ дар ин замона дили шодмон кам аст?

З-ин сон ки медиҳад дили ман доди ҳар ғаме,
Инсоф, мулки олами ишқаш мусаллам аст.

Донӣ, хаёли рӯи ту дар чашми ман чӣ гуфт?
Оё чӣ ҷост ин, ки ҳамарӯза бо нам аст?

Хоҳӣ чу рӯзи равшан донӣ ту ҳоли ман,
Аз тирашаб бипурс, ки ӯ низ маҳрам аст.

Эй кошкӣ миёни манастию дилбарам
Пайванде инчунин, ки миёни ману ғам аст.


?>