Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд

Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд,
Ҳолати шодист, шод бошӣ, шояд!

Андуҳу андешаро дароз чӣ дорӣ?
Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бипояд.

Ройи вазирон туро ба кор наёяд,
Ҳар чи савоб аст, бахт худ фармояд.

Чарх наёрад бадили ту зи халоиқ
В-он ки туро зод, низ чун ту назояд.

Эзид ҳаргиз даре набандад бар ту,
То сад дигар ба беҳтаре накушояд!