Кӣ меравад ба шафоат, ки дӯст боз орад?

165

Кӣ меравад ба шафоат, ки дӯст боз орад?
Ки айши хилвати бе ӯ кудурате дорад.

Куҷо маҷоли сухан бошадам ба ҳазрати дӯст,
Магар насими сабо, к-ин паём бигзорад.

Ситеза бурдан бо дӯстон ҳамин масал аст,
Ки ташна чашмаи ҳайвон ба гил биянборад1.

Маро кӣ гуфт, дил аз ёри меҳрбон бардор,
Ба эътимоди сабурӣ, ки шавқ нагзорад?!

Кӣ гуфт, ҳар чӣ бибинӣ, зи хотират биравад?
Маро тамом яқин шуд, ки саҳв2 пиндорад.

Ҳаром бод бар он кас, ки нишаст бо маъшуқ,
Ки аз сари ҳама бархостан намеёрад.

Дуруст н-ояд аз он муддаъӣ ҳақиқати ишқ,
Ки дар мувоҷаҳа теғаш зананду сар хорад.

Ба коми душманам, эй дӯст, инчунин магзор,
Кас ин кунад, ки дили дӯстон биёзорад?

Биё, ки дар қадамат уфтам, в-агар бикушӣ,
Намирад он ки ба дасти ту рӯҳ биспорад.

Ҳикояти шаби ҳиҷрон кӣ боздонад гуфт,
Магар касе ки чу Саъдӣ ситора бишморад.


?>