Магар насими саҳар бӯи зулфи ёри ман аст

83

Магар насими саҳар бӯи зулфи ёри ман аст,
Ки роҳати дили ранҷури беқарори ман аст.

Ба хоб дар наравад чашми бахти ман ҳама умр,
Гараш ба хоб бибинам, ки дар канори ман аст.

Агар муоина1 бинам, ки қасди ҷон дорад,
Ба ҷон музоиқа бо дӯстон на кори ман аст.

Ҳақиқат он ки на дар хурди ӯст ҷони азиз,
Валек дархури имкону иқтидори ман аст.

На ихтиёри ман аст ин муомилат, лекин
Ризои дӯст муқаддам бар ихтиёри ман аст.

Агар ҳазор ғам аст аз ҷафои ӯ бар дил,
Ҳанӯз бандаи ӯям, ки ғамгусори ман аст.

Даруни хилвати мо ғайр дарнамегунҷад,
Бирав, ки ҳар кӣ на ёри ман аст, ёри ман аст.

Ба лолазору гулистон намеравад дили ман,
Ки ёди дӯст гулистону лолазори ман аст.

Ситамгаро, дили Саъдӣ бисӯхт дар талабат,
Дилат насӯхт, ки мискин умедвори ман аст?!

В-агар муроди ту ин аст, бемуродии ман
Тафовуте накунад, чун муроди ёри ман аст.


1 Ба чашм дидан.


?>