Май орад шарафи мард ме падид

Май орад шарафи мард ме падид,
Озоданажод аз дирамхарид.

Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид.

Ҳар он гаҳ, ки хурӣ май, хуш он гаҳ аст,
Хоса чун гулу ёсаман дамид.

Басо ҳисни баландо, ки май гушод,
Басо курраи навзин, ки бишканид.

Басо дуни бахило, ки май бихурд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид.