Малико, ҷашни Меҳргон омад

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз ба ҷойи малҳаму хиргоҳ
Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷойи арғавон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад!